АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
24.05.2025
Соли панҷум аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нав, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардида истодааст.
Хурсандиовар аст, ки дар озмуни мазкур, Меҳровар Бобоёров – мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва таъмини сифати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар номинатсияи «Ихтирокорӣ ва навоварӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ гардида, ба даври шаҳриву ҷумҳуриявӣ пешниҳод хоҳанд шуд.